Тӯли ним сол захираҳои тиллои Тоҷикистон 2,3 тонна афзуд

Ҳаҷми захираҳои тиллои Тоҷикистон тӯли ним соли охир 2,3 тонна зиёд шуда, 14,6 тоннаро ташкил дод. Ҳамин тариқ, ҷумҳурии мо дар рейтинги 100 кишварҳои бузургтарини дорои захираҳои тилло мавқеашро се зина беҳтар кард. Мувофиқи рейтинги моҳи майи Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), захираҳои тиллои Тоҷикистон ба 14,6 тонна расидааст, ки 84,5% аз ҳаҷми умумии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми захираҳои тиллои Тоҷикистон тӯли ним соли охир 2,3 тонна зиёд шуда, 14,6 тоннаро ташкил дод. Ҳамин тариқ, ҷумҳурии мо дар рейтинги 100 кишварҳои бузургтарини дорои захираҳои тилло мавқеашро се зина беҳтар кард.

Мувофиқи рейтинги моҳи майи Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council), захираҳои тиллои Тоҷикистон ба 14,6 тонна расидааст, ки 84,5% аз ҳаҷми умумии захираҳои тиллову асъори кишварро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳаҷми захираҳои тилло Тоҷикистон дар зинаи 64-ум қарор дорад. Дар рейтинги моҳи октябри World Gold Council Тоҷикистон бо захираи 12,3 тонна тилло мақоми 67-умро ишғол мекард.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ захираҳои бештари тилло – 267,7 тонна (зинаи 21-ум дар ҷаҳон) дар Қазоқистон мавҷуданд. Қирғизистон бо 4,9 тонна зинаи 84-умро ишғол мекунад. Ӯзбекистону Туркманистон дар рейтинг ҳузур надоранд.

Ба сафи кишварҳои пешсафи дорои захираҳои тилло ИМА (8133,5 тонна), Олмон (3377,9 тонна), Хазинаи байнулмилалии асъор (2814 тонна), Италия (2451,8 тонна), Фаронса (2435,9 тонна), Чин (1842,6 тонна), Русия (1680,1 тонна), Швейтсария (1040 тонна), Япония (765,2 тонна) ва Нидерланд (612,5 тонна) шомиланд.

Қобили зикр аст, ки маълумот дар бораи ҳаҷми захираҳои тилоову асъор дар Тоҷикистон ифшо намешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 5 тонна тилло истихроҷ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2015 ба миқдори 500 кило бештар аст.

Дар назар аст, ки то соли 2022 ҳаҷми солонаи истихроҷ дар конҳои тиллои Тоҷикистон то ба 17 тонна расонида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.