Сокини Бишкек 44 кг симобро дар Суғд фурӯхтанӣ шудааст

Asia-Plus

Кормандони милитсия сокини пойтахти Қирғизистонро ба гумони даст доштан дар кӯшиши фурӯши беш аз 44 кило симоб дар вилояти Суғд боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Истаравшан далели муомилоти ғайриқонунии моддаҳои заҳрноки навъи «симоби металӣ»-ро ошкор намудаанд.

«Шаҳрванди Қирғизистон Касимбаев Бактибек Уркасимович ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров содир намуда, дар ду навбат зарфҳои шишагин ва пластикии дар дохилаш маводи моеъи ҷилодиҳандаи нуқрагинро ба муомилот баровардааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, дастгиршуда дар маҷмӯъ 44 670 (чилучор килограмму шашсаду ҳафтод) грамм моддаи заҳрноки навъи «симоби металӣ»-ро ба фурӯш бароварда, бар ивази ҳар як килограми он 45 доллари ИМА талаб намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳаракатҳои Касимбаев Б.У. таркиби ҷинояти пешбиникардаи моддаи 206 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷой дошта, дар асоси ҳамин модда нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...