Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Фестивали байнулмилалии мусиқии «Садои дилрабои арғунун» (Волшебные звуки органа) дар Душанбе идома меёбад;

– Дар Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов маросими ифтитоҳи Фестивали шашуми театрии ҷавонон « Нигоҳи нав» доир мегардад. Оғоз соати 11:00;

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» маросими муаррифии ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines-и Чин баргузор мешавад. Оғоз соати 09-30;

– Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – дастоварди арзишмандтарини замони истиқлолият» конфронси илмиву амалӣ барпо мешавад. Оғоз соати 09-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4990 сомонӣ;

1 евро – 9.3260 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1532 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1703 — Таъсиси шаҳри Санкт-Петербург ва оғози бунёди қасри Петропавловск.

1967 – Дар Ленинград як миқдори нахустини телевизорҳои рангаи «Радуга» истеҳсол шуд.

1975 Нахустин зан, шаҳрванди Ҷопон Юнко Табен қуллаи Эверестро фатҳ намуд.

2007 — Президенти ҶТ қонун «Дар бораи афви шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар робита ба қонунигардонии амвол»-ро ба имзо расонид.

1903-1973 – Зодрӯзи оҳангсоз ва сароянда, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Шоҳназар Соҳибов.

1932 – Мавлуди олим-токсиколог, доктори илмҳои тиббӣ Абдулло Яқубов.

1935-2008 – Зодрӯзи оҳангсоз, коргардон ва сароянда Саидмурод Ҳотамов.

1938 – Мавлуди адабиётшинос Юсуф Акбаров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +9+14, рӯзона +19+24; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +19+24. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +30+32.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +21+23.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...