Гуфтушуниди Доналд Трамп ва Раҷаб Эрдуғон дар Кохи сафед

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раҳбарони ИМА ва Туркия – Доналд Трамп ва Раҷаб Эрдуғон дар Кохи сафед дидор ва гуфтугӯ карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар нишасти хабарии муштарак, ки баъди мулоқот баргузор шуд, раҳбарони ду кишвар асосан дар бораи мубориза бо терроризм суҳбат карданд. Президент Трамп гуфтааст, Вашингтон дастгирии Анқараро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, […]

Раҳбарони ИМА ва Туркия – Доналд Трамп ва Раҷаб Эрдуғон дар Кохи сафед дидор ва гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар нишасти хабарии муштарак, ки баъди мулоқот баргузор шуд, раҳбарони ду кишвар асосан дар бораи мубориза бо терроризм суҳбат карданд.

Президент Трамп гуфтааст, Вашингтон дастгирии Анқараро дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла созмони даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва Ҳизби коргари Курдистон, ки фаъолияташ дар Туркия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо манъ аст, идома хоҳад дод.

Эрдуғон низ дар навбати худ қайд кардааст, ки ба гурӯҳҳои террористӣ набояд ҷой дода шавад. Вай дар радифи ин гурӯҳҳо аз созмони "Иттиҳоди демократӣ"-и курд ва ҷиноҳи он – "Дастаҳои мусаллаҳи мардумӣ" низ ном бурда, ҳамкорӣ бо ин гуруҳҳоро комилан ғайри қобили қабул номидааст.

Мебояд гуфт, Вашингтон ҳафтаи гузашта тарҳи кумаки низомӣ ба "Нерӯҳои демократии Сурия"-ро қабул кард, ки бахши бузурги онро Дастаҳои мусаллаҳи мардумии курд ташкил медиҳад. Сафари Эрдуғон дар ИМА идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.