35 млн. доллар маблағи Сандуқи Рушди Саудӣ барои сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани як қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои […]

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани як қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод ҳадафманд гардонида шудааст.

Сандуқи Рушди Саудӣ баҳри иҷрои лоиҳа дар ҳаҷми 131 250 000 риёл — баробар ба 35 миллион доллари ИМА маблағи пулӣ ҷудо кард. Дар назар дошта шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли 2023 ба анҷом расад.

Ҳамчунин рӯзи 15 май дар арафаи ҷаласаи солонаи раёсати роҳбарикунандаи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои А ва  F» баргузор гардид.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани шароити зиндагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон тавассути таъмини хизматрасонии боэътимоду мустақими нақлиётӣ дар тамоми фаслҳои сол миёни минтақаҳои ғарбӣ ва шарқии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, лоиҳа ба беҳтар намудани робитаи нақлиётӣ ва рушди тиҷорат бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Хитой, Покистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст.

Лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи мошингузарро бо ду хати ҳаракат ба масофаи 58 километр пешниҳод кардааст, ки 32 километри он ба минтақаи А (байни Кӯлоб ва Ш. Шоҳин) ва 26 километри роҳ ба минтақаи F (байни Шкев ва Қалъаихумб) рост меояд.

Маблағи умумии лоиҳа 115,50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин маблағ 20 миллион доллари ИМА қарзи Бонки Исломии Рушд мебошад. Татбиқи лоиҳа моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, соли 2022 ба анҷом мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.