Таъсири боҷи шоҳӣ ва болоравии қурби доллар ба арзиши ҳаҷ

Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шудааст, ки назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, "аммо ба далели боло рафтани қурби доллар […]

Радиои Озодӣ

Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шудааст, ки назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, "аммо ба далели боло рафтани қурби доллар ин омил ба арзиши умумии хизматрасониҳо дар мавсими ҳаҷҷи имсола бо пули миллӣ таъсир гузошт. Зеро қарордодҳои Кумита бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ бо доллари амрикоӣ сурат мегиранд."

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Афшини Муқим, имсол Арабистони Саудӣ арзиши боҷи шоҳӣ (авоид)-ро низ барои ҳар як зоир то 52 доллар афзоиш додааст.

Нархи сафари имсолаи ҳаҷ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муайян шудааст. Афшини Муқим мегӯяд, тақрибан 33 ҳазор сомонӣ пули сафари ҳаҷ ба намояндагиҳои бонки давлатии “Амонатбонк” супурда шуда, баъдан “барои харидани билети ҳавопаймо, меҳмонхона дар Маккаву Мадина, ғизо, роҳбалад, иқомат дар Мино, қурбонӣ, оби Замзам ва боҷи шоҳӣ сарф хоҳанд шуд.”

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Имсол низ ин шумора тағйир наёфтааст. Интизор меравад, маъракаи ҳаҷҷи имсола дар миёнаҳои моҳи август оғоз шавад.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори ду соли пеш, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани имкони зиёрат барои хоҳишмандони солманд аст, чунки навбати Ҳаҷ дар бисёре аз навоҳии кишвар аллакай барои 5 ва ҳатто 10 соли оянда пур шудааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2017» 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.