Боздошти зани гумонбар ба ҷалби дигар занон ба истисмори шаҳвонӣ

Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон ба истисмор зани 24-солаи ноҳияи Зафаробод боздошт шуд. «Муайян гардид, ки гумонбаршуда моҳи майи соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ба боварии зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин намудан ӯро ба шаҳри Истанбули давлати […]

Asia-Plus

Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон ба истисмор зани 24-солаи ноҳияи Зафаробод боздошт шуд.

«Муайян гардид, ки гумонбаршуда моҳи майи соли 2016 дар ҳудуди шаҳри Бӯстон ба боварии зани 27-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада, бо ваъдаи бо ҷойи кор таъмин намудан ӯро ба шаҳри Истанбули давлати Туркия даъват кардааст», – хабар медиҳад доир ба ин ҳодиса дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, сипас, аз ҳисоби худ ба ӯ чиптаи ҳавопаймо харидорӣ намуда, 27-уми майи соли 2016, ӯро дар шаҳри Истанбул пешвоз гирифта, дар хонаи истиқоматии шиносаш ҷой намудааст.

«Зани гумонбаршуда шиносномаи хориҷии ҷабрдидаро гирифта, охиронро ба танфурӯшӣ ҷалб намудааст», – қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.