Даргузашти яке аз ситораҳои балети тоҷик Қурбон Холов

Akhbor.com

Қурбон Холов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва яке аз ситораҳои балети тоҷик рӯзи 21 май дар Маскав дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Бино ба иттилои расонаи мустақили сомонаи Ахбор (Akhbor.com), Қурбон Холов 2 марти соли 1941 дар шаҳраки Шаҳринав ба дунё омада, аз соли 1961, баъди хатми омӯзишгоҳи хореографии Ленинград дар театри опера ва […]

Қурбон Холов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва яке аз ситораҳои балети тоҷик рӯзи 21 май дар Маскав дар синни 76 аз олам чашм пӯшид.

Бино ба иттилои расонаи мустақили сомонаи Ахбор (Akhbor.com), Қурбон Холов 2 марти соли 1941 дар шаҳраки Шаҳринав ба дунё омада, аз соли 1961, баъди хатми омӯзишгоҳи хореографии Ленинград дар театри опера ва балети ба номи Айнии шаҳри Душанбе ба кор сар кард.

Қурбон Холов бо иҷрои нақши Қайс -Маҷнун дар балети “Лайлӣ ва Маҷнун”, Чингизхон дар балети “Темурмалик”, Қодир аз “Писари Ватан” шӯҳрат ёфта, алакай дар соли 1974, вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистонро ба даст овард. Баъди суқути Шӯравӣ Қурбон Холов як муддат дар Туркия ҳамчун устоди рақс кор карда, солҳои охир дар Русия зиндагӣ мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Танҳо барои мошинҳои боркаш. Дар ду даромадгоҳи Душанбе низоми вазнченкунӣ насб мекунанд

Дар ду даромадгоҳи пойтахт, ки худравҳо аз сӯйи Турсунзода ва Бохтар ба Душанбе ворид мешаванд, нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад....

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.