Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳимояи манфиатҳои давлатӣ даъват кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон насли навраси кишварро бо ҷашни Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Рӯзи ҷавонон шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар кишвар санаи 23 май ҷашн гирифта мешавад. Дар паёми табрикии худ ба ин муносибат сарвари давлат қайд мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон насли навраси кишварро бо ҷашни Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Рӯзи ҷавонон шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар кишвар санаи 23 май ҷашн гирифта мешавад.

Дар паёми табрикии худ ба ин муносибат сарвари давлат қайд мекунад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд.

Президент таъкид мекунад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ дар ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд омада, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ бамаротиб беҳтар гардидааст ва ҷавонони мо ҳоло дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

«Имрӯз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишварамон нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад», – гуфт сарвари давлат.

Сарвари давлат аз ҷавонон даъват кард, ки мунтазам ба машқу тамрин машғул шаванд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ ҷиддӣ муносибат кунанд ва бо дастовардҳои хеш Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоянд.

«Хизмати содиқона кардан ба Ватан – модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад, – таъкид дошт президент. – Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд».

Ҳамчунин сарвари давлат иброз дошт, ки ҷавонон бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошанд.

«Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард, – зикр кард сарвари давлат. – Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз ҷавонони имрӯза вобаста мебошад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Мавҷуд набудани ҳеҷ гуна музокирот, ҳадаф набудани “тағйири режим” дар Эрон ва поёни ҷанг, ҳатто бе ба даст омадани тавофуқ аз изҳороте буданд, ки...

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.