Ташрифи вазири корҳои хориҷии АМА ба Душанбе

Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байнулмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Абдулло ибн Зайад Ал-Наҳайан рӯзи 25 май бо сафари якрӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мансабдори воломақоми ин кишварро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Бино ба иттилои манбаъ, дар барномаи сафар ҳамчунин дидору […]

Аваз Юлдошев

Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байнулмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Абдулло ибн Зайад Ал-Наҳайан рӯзи 25 май бо сафари якрӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мансабдори воломақоми ин кишварро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар барномаи сафар ҳамчунин дидору гуфтушуниди ӯ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Абдулло ибн Зайад Ал-Наҳайан пас аз анҷоми сафараш ба Ӯзбекистон аз Тошканд ба Душанбе меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.