Рашид Раҳимов дастаи «Терек»-ро тарк мекунад

Хабаргузории «Озодагон»

Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик дар поёни ин мавсим дастаи “Терек”-и Грознийро тарк мекунад. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», мураббии 52-сола гуфтааст, дар ин мавзӯъ бо раҳбарияти даста гуфтугӯ дошт: “Дар мусобиқа тими мо як бозии дигар анҷом медиҳад, моро зарур аст барои он омодагӣ бигирем, баъди рухсатӣ бошад, ситоди нави мураббиён ба […]

Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик дар поёни ин мавсим дастаи “Терек”-и Грознийро тарк мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», мураббии 52-сола гуфтааст, дар ин мавзӯъ бо раҳбарияти даста гуфтугӯ дошт: “Дар мусобиқа тими мо як бозии дигар анҷом медиҳад, моро зарур аст барои он омодагӣ бигирем, баъди рухсатӣ бошад, ситоди нави мураббиён ба кор оғоз мекунад”.

Ба гуфтаи Раҳимов ҳоло дар бораи идома додани карерааш фикр намекунад. Соли сипаришуда, Рашид Раҳимов барои ташхиси вазъи саломатиаш ба пойтахти Австрия рафта буд.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд.

Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Раҳимов солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2011”Амкар”-и Пермро тамрин додааст. Аз 7 ноябри соли 2013 ба сифати сармураббии “Терек”-и Грозний фаъолият мекунад. Моҳи майи соли равон, Раҳимов ба унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон” сарфароз гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.