Туркия террористи имконпазирро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд

Мақомоти пулиси Туркия зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар марз бо Сурия рӯзи 12 майи соли ҷорӣ ҷавонеро боздошт намуд, ки ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Ҳидоятулло Давлатови 28-сола шиноснома дошт. Боздоштшуда, ки нияти пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломиро дошт, ба ихтиёри хадамоти махсуси Тоҷикистон супурда шуд. Бино ба маълуоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси Туркия зимни баргузории чорабиниҳои махсус дар марз бо Сурия рӯзи 12 майи соли ҷорӣ ҷавонеро боздошт намуд, ки ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Ҳидоятулло Давлатови 28-сола шиноснома дошт.

Боздоштшуда, ки нияти пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломиро дошт, ба ихтиёри хадамоти махсуси Тоҷикистон супурда шуд.

Бино ба маълуоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи ба роҳ мондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии иловагӣ муайян карда шудааст, ки боздоштшуда шаҳрванди Қирғизистон Кобилжан Уғли Хусанбой, соли таваллудаш 1994, миллаташ ӯзбек, зода ва сокини вилояти Ош, шаҳри Узген, кӯчаи Ором-7 буда, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро ғайриқонунӣ истифода бурдааст.

Гуфта мешавад, бид ба ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.