Иҷрои нақшаи даъват дар Хатлону Суғд ва Душанбе

Нақшаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд то имрӯз 100 фоиз иҷро шуд. Қаблан дар бораи иҷрои нақшаи даъват вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе мужда расонида буданд. Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи ҶТ, маъракаи даъват то 31 май идома ёфта, иҷрои нақша дар ВМКБ – 89%, вилояти […]

Asia-Plus

Нақшаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд то имрӯз 100 фоиз иҷро шуд. Қаблан дар бораи иҷрои нақшаи даъват вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе мужда расонида буданд.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи ҶТ, маъракаи даъват то 31 май идома ёфта, иҷрои нақша дар ВМКБ – 89%, вилояти Суғд – 100%, Хатлон – 100%, ноҳияҳои тобеи марказ – 93%, шаҳри Душанбе – 100% ва дар саросари ҷумҳурӣ – 99%-ро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Ба хизмат маҷбурӣ ҷалб карданд ё худ зери «облава» афтодӣ? Ба маслиҳатҳои «Азия-Плюс» таваҷҷуҳ кун. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.