Ифтихори президент аз насли ҷавони дорои тафаккури давлатӣ дар солҳои истиқлолият

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 23 май дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгириҳои амиқи неруи созанда ва ояндаи миллатро зикр карда, таъкид дошт, ки роҳбарияти […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 23 май дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгириҳои амиқи неруи созанда ва ояндаи миллатро зикр карда, таъкид дошт, ки роҳбарияти давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятнок медонад.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки маҳз бо иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат қайд мекунад, ки президент аҳли ҷомеаро вазифадор намуд, ки барои дар ниҳоди ҷавонон тарбия кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд.

«Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар кишварамон насли ҷавони дорои тафаккури давлатӣ ва содиқ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ба камол расид ва итминон дорам, ки ин раванд дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт, – таъкид дошт президент. – Мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия кунем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ ва умуман, ҳама гуна ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дорем ва тарзи ҳаёти солимро дар байни онҳо ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ намоем».

Гуфта мешавад, ҷамъомади тантанивиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон барномаи рангини ҳунарӣ шукуҳи тозае бахшид. Барои иштирокчиёни чорабинӣ барномаи пурмуҳтавои фарогири дастовардҳои ҷавонон ва инъикоскунандаи пешравиҳои ҷумҳурӣ пешкаш карда шуд, ки хеле хотирмону дилнишин буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

“Манбаи иттилои боэътимод!” Сокинон “Азия-Плюс”-ро чӣ гуна мешиносанд?

Инак, 30 сол мешавад, ки “Азия-Плюс” дар пайи инъикоси...

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 58

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?