Оғози ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор» дар Бухоро

Манижа Қурбонова, Asia-Plus

Имрӯз дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон ҷашнвораи 16-уми маъмулии «Абрешим ва зиравор» оғоз мегардад, ки дар он ҳанармандон ва косибони тоҷик низ иштирок мекунанд. Ҷашнвора то 28 май идома меёбад.

Дар ҷашнвора ҳунармандону косибони Ӯзбекистону Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва Чин ширкат варзида, маҳсулоти тайёркардаи худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Дар доираи кори ҷашнвора баргузории намоишу ярмарка, мусобиқаҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили хурӯсҷангу муди тарроҳони ҷавон, чоарбинии «Палов сайли» ва ғайра доир гардида, дар фарҷоми он консерти пуршукӯҳ баргузор мешавад.

Сомонаи ҷашнвора ҳадаф аз баргузории ин чорабиниро нигаҳдориву рушди мероси фарҳангӣ бо тамоми хусусияту маҳоратҳои он, дастгирии ҳунармандии мардумӣ, аз қабили заргариву кандакорӣ, қолинбофӣ, ҳунари бинокорӣ ва ғайра унвон кардааст.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Мукаррама Қаюмова, раиси Анҷумани ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва муассиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон – “Ҳафт пайкар” роҳбарӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, имсол дар ҷашнвораи мазкур 33 нафар намояндагони Тоҷикистон – ҳунармандону косибон, ороишгарону тарроҳон ва рӯзноманигорон аз Душанбеву Кӯлоб ва Хуҷанд иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор» яке аз чорабиниҳои асосии ҳамасолаи бахши сайёҳии Ӯзбекистон ба шумор рафта, ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба ин соҳа, технологияҳои муосир ва ҳамчунин сайёҳон аз саросари ҷаҳон мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...