Оғози ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор» дар Бухоро

Имрӯз дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон ҷашнвораи 16-уми маъмулии «Абрешим ва зиравор» оғоз мегардад, ки дар он ҳанармандон ва косибони тоҷик низ иштирок мекунанд. Ҷашнвора то 28 май идома меёбад. Дар ҷашнвора ҳунармандону косибони Ӯзбекистону Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва Чин ширкат варзида, маҳсулоти тайёркардаи худро ба маърази тамошо мегузоранд. Дар доираи кори ҷашнвора […]

Имрӯз дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон ҷашнвораи 16-уми маъмулии «Абрешим ва зиравор» оғоз мегардад, ки дар он ҳанармандон ва косибони тоҷик низ иштирок мекунанд. Ҷашнвора то 28 май идома меёбад.

Дар ҷашнвора ҳунармандону косибони Ӯзбекистону Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон ва Чин ширкат варзида, маҳсулоти тайёркардаи худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Дар доираи кори ҷашнвора баргузории намоишу ярмарка, мусобиқаҳои гуногуни мардумӣ, аз қабили хурӯсҷангу муди тарроҳони ҷавон, чоарбинии «Палов сайли» ва ғайра доир гардида, дар фарҷоми он консерти пуршукӯҳ баргузор мешавад.

Сомонаи ҷашнвора ҳадаф аз баргузории ин чорабиниро нигаҳдориву рушди мероси фарҳангӣ бо тамоми хусусияту маҳоратҳои он, дастгирии ҳунармандии мардумӣ, аз қабили заргариву кандакорӣ, қолинбофӣ, ҳунари бинокорӣ ва ғайра унвон кардааст.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Мукаррама Қаюмова, раиси Анҷумани ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва муассиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон – “Ҳафт пайкар” роҳбарӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, имсол дар ҷашнвораи мазкур 33 нафар намояндагони Тоҷикистон – ҳунармандону косибон, ороишгарону тарроҳон ва рӯзноманигорон аз Душанбеву Кӯлоб ва Хуҷанд иштирок мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор» яке аз чорабиниҳои асосии ҳамасолаи бахши сайёҳии Ӯзбекистон ба шумор рафта, ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба ин соҳа, технологияҳои муосир ва ҳамчунин сайёҳон аз саросари ҷаҳон мусоидат мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.