Пули нақд дар муомилот ним баробар зиёд шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми пули нақди дар муомилот қарордошта дар саросари Тоҷикистон ва миқдори пулҳои захиравӣ тайи соли охир ним баробар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба ҳолати аввали моҳи майи соли равон ҳаҷми пули нақд дар гардиш 8,8 млрд. сомонӣ ва заминаи пулӣ то 11,6 млрд. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи майи соли гузашта ним баробар зиёдтар мебошад.

Афзоиши ҳаҷми пули нақдро дар Бонки миллӣ ба тағйирёбии вазъ дар бозори асъор ва сармоягузорӣ ба бонкҳои дучори мушкилот нисбат медиҳанд. Эътироф карда мешавад, ки афзоиши ҳаҷми пули нақд дар гардиш ба фишори қурбӣ ба арзи миллӣ ва суръатгирии таваррум дар бахши истеъмолӣ боис гардид.

Ҳамин тариқ, бино ба маълумоти БМТ, тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбати доллар 7,9% поин рафта, мизони таваррум дар ин давра дар бахши истеъмолӣ 4,4%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба миқдори 1,9 фоиз  бештар аст.

Қаблан иқтисодчиёни ниҳодҳои молии байнулмилалӣ суръат гирифтани болоравии сатҳи таваррум дар Тоҷикистонро ба афзоиши ҳаҷми пули нақд дар гардиш марбут медонистанд.

«Афзоиши ҳаҷми пули нақд дар муомилот яке аз сабабҳои асосии суръат гирифтани болоравии мизони таваррум дар Тоҷикистон аст», – изҳор дошта буданд моҳи апрели соли равон таҳлилгарони Бонки аврусосиёии рушд ва зикр карда буданд, ки омили мазкур ҳамчунин ба тақвияти фишор болои қурби мубодилавӣ низ таъсир мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон ба бонкҳои дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» ба маблағи умумии 3 млрд. 320 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок ҷудо кард. Бонки миллӣ ин коғазҳоро марҳила ба марҳила ба пули нақд табдил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...