Сарфи назари қарори раиси пойтахт. Нархҳо ду баробар зиёд шуданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо оғози моҳи шарифи Рамазон интизориҳои сокинони пойтахт тасдиқ шуда, нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ боло рафтанд. 

Рӯзи аввали моҳи Рамазон нархи картошка 1 сомонӣ – аз 4 то ба 5 сомонӣ зиёд шуд. Дар ҷойҳое, ки зери назорат гирифтанианд, савдогарон фурӯши картошкаро тамоман қатъ мекунанд. Масалан, дар бозори «Деҳқон», ки раҳбарияташ ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки бо 200 хоҷагиҳои фермерӣ созишнома бастааст, картошка якбора камёфт шудааст.

Помидор ҳам аз 4-5 сомонӣ то 8 сомонӣ ва қаланфури булғорӣ аз 10 то ба 15 сомонӣ қимат шуда, дар баъзе бозорҳои начандон бузурги пойтахт нархи помидор на камтар аз 10 сомонӣ ва қаланфури булғорӣ беш аз 16 сомонӣ аст.

Гӯшти гови пастсифат 36 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта шуда, гӯшти гови хушсифатро, ки дар пештахтаи дӯкон намегузоранд, метавон танҳо бо нархи 40 сомонӣ харидорӣ намуд.

Сардори Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт Бахтиёр Бобоҷонзода дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал асосан дар сатҳи пешина нигаҳдорӣ мешаванд ва танҳо картошка истисност, ки аз вилояти Суғд оварда мешавад.

«Деҳқонони вилояти Суғд арзиши картошкаро боло бурдаанд, аз ин рӯ, дар пойтахт ҳам он қимат шуд», – гуфт ӯ. – Мо имрӯз воридоти зиёди маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳияҳои тобеи марказро интизорӣ дорем».

Зимнан зикр гардид, ки помидор, қаланфури булғорӣ ё мева маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нестанд ва мутаносибан нархи онҳо дар бозор назорат намешавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 19 май раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон қарор ба имзо расонид.

Сокинони пойтахт бо арзу шикоятҳо дар мавриди беасос боло бурдани нархҳо, ба телефонҳои зерин муроҷиат карда метавонанд.

Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти шаҳрдории пойтахт – 221-77-48

Қабулгоҳи муовини раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода – 221-07-35

Навбатдори Ҳукумати шаҳри Душанбе – 223-22-14

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...