Дар Душанбе гаравгононро озод карданд

Asia-Plus

Дар Душанбе марҳилаи дуюми тамринҳои зиддитеррористии «Душанбе-Зиддитеррор-2017» доир гардид. Воҳидҳои нерӯҳои таъиноти махсуси Тоҷикистону Русия маркази телевизиони пойтахтро, ки аз ҷониби террористон ғасб шуда буд, озод карда, гаравгононро наҷот доданд.

Ҳамчунин дар доираи тамринҳо намоиши техникаи ҳарбӣ доир гардида, ҷамъомади раҳбарияти воҳидҳои зиддитеррористии мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ бо иштироки роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ генерал-полковники пулис Андрей Новиков, раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов баргузор шуд.

Дар ин ҷамъомад ҳамчунин мушовири президенти ҶТ Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Рамазон Раҳимзода низ ҳузур доштанд.

Нимаи дуюми рӯз тамринҳо дар машқгоҳи «Лоҳур» идома ёфта, дар ин ҷо амалиёти муштараки Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии ҶТ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Русия оид ба иҳота ва аз байн бурдани гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи марзро убуркарда сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни тамринҳои зиддитеррористии мазкур ҳудуди 2 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши Русия, беш аз 3 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон иштирок карда, беш аз 400 адад авиатсияи ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш ва артиллерия сафарбар шудааст. Дар тамринҳо Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии "Искандар-М”-ро ба Тоҷикистон интиқол дод.

Машқҳои мазкур нахустин тамрини Маркази зиддитеррористии ИДМ бо ҷалби нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод аст.

Ҷараёни баргузории тамринҳоро ҳайати кишварҳои узви Маркази зиддитеррористии ИДМ – Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Ӯзбекистон ва ҳамчунин намояндагони мақомоти оинномавӣ ва ҳамкории соҳавии ИДМ назорат мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...