ХБА аз Тоҷикистон ислоҳот дар соҳаҳои калидиро интизор аст

Хабаргузории «Озодагон»

Мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки гуфтушунид бо Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар мавриди барномаи дастгирии иқтисодиёти кишвар аз сар гирифта шавад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», дар ин бора Пол Рос, ки дар садри ҳайати ХБА аз 17 то 30-юми май дар Душанбе қарор дошт, дар сомонаи расмии ин ниҳоди байналмилалӣ хабар додааст.

Пол Рос гуфтааст, дар мулоқот бо аъзои блоки иқтисодию молиявии ҳукумат зарурати ислоҳот, устувор гардондани вазъи “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”, фароҳам овардани шароит барои бахши хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро таъкид кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, зимни сафари ҳайат ба Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон хостааст, гуфтушунидҳо барои барномаи дастгирии ХБА аз иқтисодиёти Тоҷикистон аз сар гирифта шавад. Аммо ҷониби ХБА шарт гузоштааст, ки барои оғози гуфтушунидҳо ҳукумати Тоҷикистон бояд мушаххасан ба ислоҳот дар соҳаҳои калидӣ оғоз кунад.

Аз ҷумлаи шартҳои ХБА таҳияи стратегияи миёнамуҳлати буҷа, устуворӣ дар пардохти қарзҳо, баҳогузории пайомадҳои макроиқтисодии лоиҳаҳои калон ва ислоҳоти соҳаи бонкӣ мебошанд.

Инчунин ҳайати ХБА таъкид кардааст, ки рушди воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2017, аз нишондоде, ки мақомоти тоҷик интизоранд, поинтар хоҳад буд.

Қаблан низ Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ба “Financial Times” гуфта буд, агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад: “Инҳо – таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...