Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати бародар ва хоҳари адвокати маҳкумшуда

Радиои Озодӣ

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон алайҳи бародару хоҳар ва вакили дифои адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Бино ба ин парванда, Ҷамшед ва Хосият Ёровҳо ва Муаззама Қодирова бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муттаҳам мешаванд. Ин се нафар феълан дар хориҷ аз кишвар ҳастанд.

Наздикони Ҷамшеду Хосият дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки масъулони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ се рӯз пеш аз вуҷуди ин парванда онҳоро хабардор карданд.

Худи Ҷамшед ва Хосият Ёровҳо аз боз шудани парванда нисбат ба онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Ҷамшед Ёров рӯзи 30-юми май дар як посухи хаттӣ гуфтааст, як далели боз шудани ин парванда чанд изҳори назар дар Фейсбук будааст.

«Аз ҷумла, навиштае аст, ки аз дӯстону ҳамватанон дар ҳиҷрат хоста будам, имконият дошта бошанду зарур шуморанд, рӯйхати фарзандон ва хешу ақрабои онҳоро, ки ҳукумати Тоҷикистон чун гаравгон нигоҳ медорад, равон намоянд», – гуфтааст ӯ.

Наздикони Ҷамшед Ёров мегӯянд, нисбат ба ӯ Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Ваҳдат ҳанӯз як моҳ қабл тафтишотро оғоз карда буд. Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини зиндонии раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва бародари Бузургмеҳр Ёров, моҳи августи соли гузашта ҳабс шуда, дертар бар асоси қонуни афв озод гардид.

Ҷамшед Ёров барои ифшои қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба аъзои раёсати ҲНИТ боздошт шуда буд, ки ба қавли мақомот, маҳз тавассути ӯ ба дасти мухолифон дар хориҷа афтод ва баъдан дар сайти марбут ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ нашр шуд.

Хосият Ёрова низ гуфт, муфаттишони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ ба наздиконашон ҳушдор додаанд, ки дар сурати навиштани изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣонҳоро дубора даъват хоҳанд кард.

Хосият Ёрова мегӯяд, нисбат ба Муаззама Қодирова, вакили дифои Бузургмеҳр Ёров дар миёнаҳои моҳи апрели имсол бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. “Муаззама Қодирова гуфт, ки мақомот ба назди модараш рафта ва пурсидаанд, ки ӯ дар куҷост ва оё тамос мегирад ё на. Онҳо гуфтаанд, нисбат ба ӯ парванда боз карда шудааст”.

Муаззама Қодирова вакили дифое, ки то оғози моҳи январи имсол аз ҳуқуқи адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекард, маҷбур шудааст, аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кунад ва далели ин ҳам, ба қавли ӯ, фишор дар робита бо парвандаи Ёров будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...