Лоиҳаи бинои Хадамоти алоқа ба унвони олии ҷоизаи бритониёӣ соҳиб шуд

Akhbor.com

Тарҳи "Маҷтамаи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа дар Душанбе” дар озмуни байналмилалии International Property Awards дар Таиланд дар байни беҳтарин тарҳҳои сохтмонии қораи Осиё ва Уқёнусия сазовори ҷоизаи баланди панҷситорагӣ шуд.

Бино ба иттилои расонаи мустақили Akhbor.com, яке аз ҷоизаҳои панҷситораии озмуни байналмилалии International Property Awards дар Бангкок, пойтахти Таиланд барои беҳтарин тарҳи бинои маъмурии осмонбӯс имсол насиби комплекси биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шуд. Бино нави маъмурии Хадамоти алоқа дар маркази Душанбе дар қисмати ҷанубии майдони Дӯстӣ дар ҷои собиқ Почтамт сохта мешавад.

Тарҳи ин биноро дафтари нақшасозии Иттиҳодияи меъморони Тоҷикистон ба раҳбарии сармеъмор Баҳром Юсупов ва се меъмор К.Наимов, Р.Шарипов ва Х.Аюбҷонов кашидаанд.

Расми тақдими ҷоизаҳои International Property Awards рӯзҳои 25-26 май дар Бангкок доир шуд.

Баҳром Юсупов гуфтааст, ибтидо интизор надошт, ки тарҳи бинои Хадамоти алока дар Бангкок чунин баҳои баланд мегирад: "Чунки онҷо рақобат бо меъморон аз Ҷопон, Чин, Сингапур, Малайзия, Австралия ва дигар кишварҳое, ки биноҳои фавқулмуосир дар ҳамон кишварҳо сохта мешаванд, сурат мегирифт. Аз ин рӯ, вақте эълон карданд, ки тарҳи мо пирӯз шуд, маро як ҳолати тасаввурнокарданӣ фаро гирифт.”

Тарҳи кашидаи гурӯҳи Баҳром Юсупов дар соли 2013 низ ҳамчун яке аз беҳтарин намунаҳои меъмории кишварҳои Шӯравии собиқ сазовори Гран При ва медали тилои Анҷумани байналмилалии меъморон шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...