Медали нуқраи Дилшод Назаров дар мусобиқаи Олмон

Радиои Озодӣ

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон гурзро ба дурии 77 метру 11 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар Ҳалле Павел Фаҷдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр ғолиб шуд. Ник Миллер аз Бритониё бо натиҷаи 76 метру 81 сантиметр ҷойи севумро гирифт.

Ин мусобиқа барои Дилшод Назаров пеш аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” як навъ санҷиш буд. Нахустин даври ин мусобиқот имсол дар Пекини Чин баргузор шуд. Даврҳои минбаъда дар Ҷопон ва Бразилия барпо мегарданд. Даври ниҳоии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” рӯзи 29-уми август дар Загреби Хорватия баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дувумро касб намуд. Соли гузашта ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

“Мусобиқаи асосии имсола қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 4-13 август дар Лондон баргузор мешавад. Ман Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам. Кӯшиш менамоям, ки медал ба даст биёрам. Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам”, – гуфт Дилшод Назаров.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти имсола ҳоло Дилшод Назаров бо 77,11 метр дар даҳгонаи беҳтарин дар ҷойи нӯҳум аст. Дар се ҷойгоҳи аввал Павел Фаҷдек (Лаҳистон, 82,31 м), Войтсех Новитски (Лаҳистон, 78,54 м) ва Павел Барейша (Булғористон, 78,04 м) дохиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...