Кумаки журналистони тоҷик ба ҳамтои худ дар пардохти ҷарима

Asia-Plus

Миҷгона Ҳалимова, журналисти хабаргузории «Озодагон», ки барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ҷаримабандӣ шуда буд, қисмате аз маблағи ҷаримаро пардохт намуд. Дар ҷамъоварии ин маблағ рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеа ба ӯ кумак карданд.

Бо талошҳои рӯзноманигорон барои кумак ба Миҷгона 18 ҳазору 186 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. Дар ҷамъоварии маблағ ҳамчунин муҳоҷирони кории тоҷики машғули кор дар Русия низ саҳм гузоштанд.

Маблағи ҷамъоваришударо Миҷгона Ҳалимова ҳамроҳи Муҳайё Нозимова, роҳбари Эътилофи занони журналист дар яке аз шуъбаҳои «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе пардохт намуд.

Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Миҷгона Ҳалимоваро мутобиқи моддаи 347-и КҶ ҶТ (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор эътироф намуда, ҷаримабандӣ кард. Хабарнигори агентии иттилоотии «Озодагон» бояд дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад. Ба хотири амнияти худи рӯзноманигор доир ба ҷузъиёти баррасии парвандаи мазкур маълумот дода намешавад.

«Қисмати зиёди ҷарима бо кумаки дӯстону ҳамкорон ва одамони хайрхоҳу меҳрубон пардохта шуд, – мегӯяд Миҷгона. – Ба ҳар нафаре, ки маро дар лаҳзаи мушкил танҳо нагузошт, миннатдорӣ изҳор карда, аз он хушнудам, ки то ҳол дар дилҳо самимияту бовар ба мардум боқӣ мондааст».

Миҷгона Ҳалимова то соли 2015 ба ҳайси хабарнигори нашрияи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон – газетаи «Наҷот» ва сомонаи ҳизб – nahzat.tj фаъолият дошт. Пас аз қатъи фаъолияти нашрияи ҳизб Миҷгона дар хабаргузории мустақили «Озодагон» ба кор шурӯъ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...