Мирзохӯҷа Аҳмадов: ҷангидан дар сарнавиштам будааст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар ноҳияи Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов бар ин назар аст, ки ҳамаи ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рухдода бо хости Худо сурат гирифтанд.

Аҳмадов мегӯяд, созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон, ки 20 сол қабл дар Маскав ба имзо расид, яке аз ҷашнҳои асосии ҷумҳурӣ буда, «ин ҷашн аз Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон камтар нест». «Рӯзе, ки хунрезӣ дар сарзамини мо хотима ёфт, ин санаро муқаддас номидан мумкин аст», – гуфт ӯ.

Ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» дар бораи таассуф хӯрдану пушаймон буданаш аз ҷангиданаш алайҳи Душанбеи расмӣ он солҳо, собиқ фармондеҳ изҳор дошт: «Шояд ҷангидан дар сарнавиштам будааст».

«Имрӯз гунаҳкор ҷустан лозим нест, дар бораи ояндаи андешидан зарур аст ва бояд ҳама корро анҷом дод, то ки гузашта такрор нашавад», – мутмаин аст Аҳмадов.

Ӯро ба чорабиниҳои ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки имсол дар шаҳри Ваҳдат доир мегардад, даъват накардаанд.

«Ман озурда нестам, ки даъват накардаанд, – мегӯяд ӯ. – Зеро ҷашн танҳо маънои онро надорад, ки гирдиҳам омадаву суханронӣ кунанд ва зиёфат хӯрда, рақсу сурудхонӣ кунанд. Бе ташвишу нигаронӣ дар хонаат кор кардан ҳам ид аст».

Номбурда зикр кард, ки айни замон ба корҳои хоҷагии худ машғул буда, се гектар замин дорад ва ба киштукори картошкаву дигар зироати кишоварзӣ дар он машғул мебошад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт буда, пас аз ноил гардидан ба сулҳу созиш ба низоми ВКД ҶТ ба кор қабул шуд. Моҳи феврали соли 2008 бар асари даргирӣ бо тобеъони ӯ дар Рашт фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД ҶТ полковник Олег Захарченко кушта шуд.

Соли 2010 ҳукуматдорон М.Аҳмадовро ба ҳамкорӣ бо Мулло Абдулло ва ҳамлаи мусаллаҳона дар моҳи сентябр ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар Рашт, ки бар асари он афсарону сарбозон ба ҳалокат расиданд, айбдор намуданд.

Он замон ҳукуматдорон ҷитҳати ҳабси Аҳмадов кӯшиш ба харҷ дода, манзили ӯ дар деҳаи Белгии ноҳияи Рашт пас аз мавриди типарронӣ қарор гирифтан қисман хароб гардид. Сипас Аҳмадов ва наздикони ӯ ба ҳукуматдорон дар нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Алӣ Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмаку мусоидат карданд.

Моҳи сентябри соли 2013 собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, собиқ раҳбари Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар яке аз Раёсатҳои Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба сифати мутахассиси ғайринизомӣ ба кор қабул шуд. Ба Аҳмадов рутбаи ҳарбӣ дода нашуд, зеро ӯ мутахассиси низомӣ набуда, ҳамчун шаҳрванди мулкӣ ба кор қабул шуд.

Тавре маълум аст, дар сохторҳои қудратии бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мутахассисони ғайринизомӣ асосан ба сифати мушовирон ё ҳайати шахсии хизматӣ кор карда, ба онҳо маълумоти дорои сирри махфӣ ифшо намегардад, онҳо ба ягон амалиёти махсус сафарбар намешаванд ва умуман ба дӯши онҳо хизмати ҳарбӣ вогузор намегардад.

Охири моҳи сентябри соли 2013 зимни сафари корӣ ба водии Рашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ қумондони нерӯҳои мухолифин ва собиқ сардори Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот кард.

Аммо расо баъди як сол ВАО хабар доданд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ба нафақа баромада, минбаъд ба корҳои хоҷагии худ машғул мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...