Фарорасии шаби Лайлат ул-қадр дар моҳи Рамазон

Asia-Plus

Шаби 21 ба 22 июн дар Тоҷикистон ”Шаби қадр”яъне шаби бузург ва боазамат (Лайлат ул-қадр) дар моҳи Рамазон фаро мерасад, ки ба рӯзи 27-уми моҳи Рамазон рост меояд. Ин шаби муҳимтарини сол барои мусулмонон аст, зеро маҳз ҳамин шаб Оллоҳ ба пайғамбар Муҳаммад (с) китоби Қуръонро нозил кардааст.

Дар Шӯрои уламои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаби имрӯз, яъне 21 ба 22 июн шаби қадри моҳи рамазон фаро мерасад.

Шаби қадр шаби нузули Қуръон, нузули фариштагон ва рӯҳ, нузули баракоти осмонӣ ва шаби нузули муқаддароти соли оянда ба шумор меравад, тамоми умури хайр ва шарри мардум аъам аз: вилодат, марг, ризқу рӯзи, ҳаҷ, тоъат, гуноҳ ва хулоса ҳар ҳодисае, ки дар тӯли сол воқеъ мешавад, дар он шаб тақдир мегардад. Шаби қадр ҳамеша ва ҳар сол такрор мешавад, ибодат дар он шаб, фазилати фаровон дорад ва дар беҳбуд бахшидани сарнавишти соли оянда бисёр муассир аст.

Шаби Қадр шабе аст, ки дар тамоми сол шабе ба бузургӣ ва фазилати он намерасад, Хусусиятҳои ин шабро, ки сабаби бузургӣ ва мубораки он шудааст, метавонем чунин ном барем:

– Қуръон дар ин шаб бар Паёмбар (с) нозил шудааст. Гуфта шудааст, ки тамоми китобҳои осмонӣ дар ҳамин шаб бар паёмбарон нозил шудаанд;

– Ҳар амали хуб ва тоъату ибодате, ки дар ин шаб анҷом шавад бо амал ва ибодати ҳазор моҳ баробар аст;

– Малоикаҳо ва Руҳ (Ҷибрил), ки аз малоики мукарраби илоҳӣ аст фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати Илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд.

– Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон. Ҳамаи рўзадорони моҳи Рамазон худро барои шабзиндадории ин шаб омода сохта, дар интизори он лаҳзашуморӣ мекунанд.

Дар мавриди ин ки шаби қадр дар кадоми шаби аз Рамазон аст, андешаҳои гуногун ва мухталиф вуҷуд дорад:

Имом Абуҳанифа (раҳ) мегўяд: Шаби қадр дар яке аз шабҳои Рамазон аст ва тақдиму таъхир мешавад.

Имом Абуюсуф ва Имом Муҳаммад (раҳ) мегўянд: дар яке аз шабҳои Рамазон аст, ва он шаб собит аст, тақдиму таъхир дар он вуҷуд надорад.

Имом Шофеӣ бар ин назар аст: дар даҳ шаби охири Рамазон аст, вале муаян нест, ки дар кадом шаб аст.

Бештари донишмандон онро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон медонанд.

Ҳадаф аз зиндадории шаби Қадр ин мағфирати гуноҳон ва дарёфти баракат ва фазилати ин шаб аст, ки аз ҳазор моҳ (83 сол) беҳтару бартар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.