Эҳтимоли тағйири номи шаҳри Қӯрғонтеппа

Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба – шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ – Калининобод) ба – шаҳри Леваканд табдили ном кунанд.

Ҳамзамон мақомоти вилоят ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки номи ноҳияи Бохтар (замони шӯравӣ – Коммунистӣ) ба ноҳияи Кӯшониён иваз карда шавад.

Тавре як манбаи “Азия-Плюс” дар палатаи болоии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, дар сурати қабули пешниҳод, он аз ҷониби ҳукумат мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ фиристода мешавад.

Шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Он дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 105 400  нафар аҳолӣ сеюмин шаҳри Тоҷикистон аст.

Қӯрғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекон ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад. Қӯрғонтеппа солҳои 1944 – 1992 маркази вилояти Қӯрғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.

Имрӯз шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар маҳсуб ёфта, дар он якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ, мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...