Париж дар Душанбе Институти модару кӯдак месозад

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Фаронса мавриди музокирот қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар мулоқот зикр гардид, ки соли 2019 дар Фаронса баргузории нахустин Намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишварро аз асри биринҷ то имрӯз фаро мегирад.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Фаронса ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар мисоли сохтмон ва азнавсозии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Фаронса ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе анҷом дода мешавад. Бунёди маркази савдои "Ашан" дар Душанбе аз ҳамкориҳои дигари мутақобилан судманди ҷонибҳо маънидод гардид.

Ҳамчунин ҷониби Фаронса изҳор намуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...