Вакилони парлумони Тоҷикистон ба таътил мебароянд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми даъвати панҷум, ки санаи 30 июн доир мегардад, аз 1 июл ба таътили тобистона мебароянд. Тавре аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи хотимавӣ раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир ба корҳои иҷрошуда дар ин давра ҳисобот медиҳад. Рухсатии вакилони мардумӣ […]

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи хотимавии иҷлосияи сеюми даъвати панҷум, ки санаи 30 июн доир мегардад, аз 1 июл ба таътили тобистона мебароянд.

Тавре аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи хотимавӣ раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир ба корҳои иҷрошуда дар ин давра ҳисобот медиҳад.

Рухсатии вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, санаи 16 август то 30 сентябр онҳо дар кумита ва комиссияҳои соҳавӣ фаъолият мекунанд.

Мувофиқи регламенти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум аввали моҳи октябри соли равон ба кор шурӯъ мекунад.

Президенти Тоҷикистон ба даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумони кишвар дар давраи рухсатии вакилон ҳуқуқ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.