Нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон – Ширкати “Помир Энерҷӣ” барои зиёд намудани дастрасӣ ба қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор дар Тоҷикистон ва вилояти Бадашони Афғонистон дар соли 2017 соҳиби ҷоизаи бонуфузи “Ашден” гардид.
Ин мукофоти байналмилалӣ рӯзи панҷшанбе, 15 июни соли 2017 дар маросими бонуфуз дар Ҷамъияти шоҳии ҷуғрофӣ дар Лондон ба директори кулли Ширкати “Помир Энерҷӣ” Далер Ҷумъаев супорида шуд. Маърузачии асосӣ дар ин чорабинӣ собиқ ноиби Президенти ИМА Ал Гор буд.
Қобили зикр аст, ки нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ – “Помир Энерҷӣ” байни 240 ширкат аз мамолики мухталифи ҷаҳон дар қатори 13 ғолибони мутлақ барои дарёфти ин ҷоизаи байналмилалӣ роҳ ёфта, соҳиби мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20 000 фунт стерлинг ва инчунин бастаи инфиродии дастгирии соҳибкорӣ барои васеъкунии фаъолияти худ гардид.
Тайи 2-3 соли охир тамоми кӯшишу ғайрати муассиса ба таъмин намудани деҳоти ҳанӯз ба қувваи барқ дастрасӣ надоштаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб равона гардидааст.
Ёдовар бояд шуд, ки тобистони соли 2016 дар доираи ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдат дар Бадахшон НБО-и хурди “Пасор” баъд аз азнавсозии куллӣ бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, мушкилоти норасоии барқи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудараи водии Бартанг бартараф карда шуд.
То охири соли 2016 дар водии баландкӯҳи Бартанги ноҳияи Рӯшон НБО-ҳои хурди “Савноб”-у “Басид” ва дар семоҳаи аввали соли 2017 НБО-и хурди “Сипонҷ” низ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо иқтидори баландтар ба кор андохта шуданд.
Зимни мулоқот бо мардуми водӣ Президенти кишвар махсусан таъкид намуданд, ки дар давраи наздиктарин барои пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани ин водии баландкӯҳ чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Вобаста ба ин Ширкат дар маслиҳат бо Шӯрои директорон қарор доданд, ки мукофотпулии бо Ҷоизаи байналмилалии “Ашден” дар ҳаҷми 20 000 фунт стерлинг (25 340 доллари ИМА) гирифтаро барои амалисозии лоиҳаи сохтмони НБО-и хурд дар деҳаи Рошорви водии Бартанг бо тавоноии 100кВт равона кунад.
Умуман хароҷотҳои сохтмони ин иншоот дар маҷмӯъ 324 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, Ширкат ният дорад маблағи 30 000 ҳазор доллари ИМА-ро аз ҳисоби худ ва маблағи боқимондаи 274 000 доллари ИМА-ро марҳила ба марҳила дар ҳамкорӣ бо маблағгузорони мувофиқ ҷалб намояд ва НБО-и хурди “Рошорв”-ро дар якҷоягӣ бо хати тақсимкунандаи барқӣ дар масофаи 3 км ва 2 адад зеристгоҳҳои 10/0,4кВ барои хизматрасонӣ ба 164 хоҷагӣ ё қариб 1200 нафар аҳолии ин деҳаи баландкӯҳ омода намояд.
Лозим ба қайд аст, ки дар давоми 15 соли фаъолияти худ нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ – “Помир Энерҷӣ” бо таъмиру таҷдиди ҳамаи нерӯгоҳҳои барқи обии дар мувозинаташ буда ва азнавсозии беш аз сеяки хатҳои интиқоли барқ ва воситаҳои тақсимотӣ муваффақ шуд, ки то кунун аллакай 96%-и аҳолии ВМКБ-и Тоҷикистон ва беш аз 4% аҳолии деҳоти наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистонро аз қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, устувор ва дастрас таъмин намояд.
Маълумотнома: «Помир Энерҷӣ» – лоиҳаи якҷояи Ҳукумати Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (ФАХЭР), Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байналхалқӣ мебошад. Арзиши аввалаи лоиҳа қариб 26,5 млн. доллари ИМА дар давоми 15 соли фаъолияти Ширкати “Помир Энерҷӣ” ба 53, 3 млн. расонда шуд, ки аз он 12,3 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали фаъолияти нахустин шарикии давлат ва бахши хусусӣ тариқи шарикони рушд, аз он ҷумла Ҳукумати Швейтсария (SECO) барои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ 7,7 млн. доллари ИМА ҷудо намуд. Дар айни замон дар фасли зимистон 68%-и аҳолии вилоят аз ин кумаки иҷтимоӣ бархӯрдор аст, ки ин идомаи иҷрои яке аз вазифаҳо оид ба таъмин намудани қувваи барқи дастрас барои қисми камбизоати аҳолии ВМКБ мебошад.


