Корманди Кумитаи амволи давлатӣ бахши сайёҳиро ба роҳбарӣ гирифт

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумати ҶТ Нуъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Роҳбари нави Кумита қаблан дар Кумитаи амволи давлатии ҷумҳурӣ кор мекард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҳабибулло Амрбекзода, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар фаъолият дошт, муовини ӯ таъин шуд.

Собиқ корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ширин Амонзода муовини дигари раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин шуд.

Мувофиқи фармонҳои сарвари давлат, Қурбониён Тоҷиддин бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод карда шуда, ваколати судяи суди шаҳри Вахдат Қурбонзода Қудратулло бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Ҳамчунин мувофиқи амри Президент, Маҳкамзода Махсудҷон аз вазифаи мудири Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...