Таъсиси комиссияи афви назди президенти Тоҷикистон

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси комиссия оид ба масоили авф дар назди Президенти кишвар фармон ба имзо расонид, ки мақомоти доимо амалкунанда хоҳад буд. Ин фармон ҳанӯз 7 июн ба имзо расида матни он дар сомонаи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ интишор шудааст. Фармон аз 1 сентябри соли 2017 мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи муқаррароти таъсиси комиссияи авф, он мақомоти машваратӣ ва тавсиядиҳанда буда, амалисозии салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили авфро таъмин менамояд.

“Масъалаҳои авфи маҳкумшудагонро аз ҷониби судҳои Тоҷикистон, ҳамчунин судҳои дигар кишварҳо, ки дар Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, Президенти Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди комиссия ҳал мекунад. Президент метавонад масъалаи авфро бевосита низ ҳал намояд”, – қайд мешавад дар замима ба фармон.

Комиссия вазифадор аст, ки дархост оид ба масъалаҳои авфро пешакӣ баррасӣ намуда, дар мавриди он ба Президент пешниҳоду тавсия ироа кунад.

Минбаъд ҳар кадоме аз маҳкумшудагон сарфи назар аз вазнинии ҷинояти содиршуда ва муҳлати таъингардида, ҳуқуқ дорад, ки дар як сол як маротиба ба номи президент дархост барои авфро пешниҳод созад. Дархост тавассути маъмурияти муассисаи ислоҳӣ бо замимаи маълумотнома дар бораи рафтори ӯ, вазъи солимӣ ва вазъи оилавӣ ирсол мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...