Тошканд ба бунёди нерӯгоҳи Роғун мухолиф нест, вале бо назардошти манфиатҳои Ӯзбекистон

Радиои Озодӣ

Абдулазиз Комилов – вазири умури хориҷии Узбакистон – рӯзи 5-уми июл дар Тошканд гуфт, ки кишвараш "дар маҷмӯъ, мухолифи сохтмони нирӯгоҳи Роғун нест, аммо ин сохтмон бояд бо назардошти манфиати кишварҳои минтақа сурат гирад".

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Комилов дар масъалаи Роғун дар гуфтугӯи мустақими аввалинаш дар пресс-клуби байналмилалии Тошканд изҳори назар кард. Дар робита бо шурӯи сохтмони ин нирӯгоҳ ва мавқеи ҳукумати Узбакистон ба дурнамои ин тарҳ саволе аз як сокини Приаралйе ворид шуд.

Вазири умури хориҷии Узбакистон дар посух ба ин мавзӯъ муфассал сӯҳбат кард ва аз ҷумла гуфт, барои ҳалли баҳси Роғун СММ ду эъломияро пешниҳод кард, ки марбут ба Амударё ва Сирдарё аст.

"Барои мо ин санад дар маҷмӯъ қобили қабул аст, барои Қазоқистон ҳам мақбул аст. Тоҷикистон онро баррасӣ дорад, Қирғизистон ҳанӯз посухи рӯшан надодааст. Мавқеи мо ин аст, ки дигар алтернативаи расидан ба созиши минтақавӣ оид ба танзими оқилонаву одилонаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад", – иброз доштааст ӯ.

Абдулазиз Комилов гуфт, умедвор аст, музокироти гурӯҳҳои коршиносон дар ин замина базудӣ шурӯъ мешавад ва ҷонибҳо ба тафоҳум даст меёбанд. "Ин танҳо роҳҳал аст", – гуфт вазири умури хориҷии Узбакистон.

Вай дар идома гуфт, "он ки мо ба шурӯи сохтмони Роғун вокуниш накардем, ба маъное нест, ки мавқеи мо дигар шудааст. Мавқеи принсипиалие, ки мо ҳифз кардаем, ин аст, ки дар ҷараёни сохтмони чунин саддҳои азим, бояд мавқеи кишварҳои болообу поёноб ба инобат гирифта шавад. Мо ба дӯстони тоҷикамон намегӯем, ки “сохтмони Роғунро қатъ кунед”. Марҳамат, бисозед. Вале биёед дар заминаи баъзе кафолатҳо бар асоси ҳамин эъломияҳо ба тавофуқ бирасем. То ки ҳаққи шумову мо навишта шавад. Механизме бояд бошад, ки дар сурати сар задани баҳс онро ҳал кунад".

Комилов аз таҷрибаи байналмилалии ҳалли баҳсҳои обии миёни Амрико ва Канада, Амрикову Мексика ва кишварҳои Ховари Миёна ёд кард, ки муваффақиятомез будааст.

Вазири умури хориҷии Узбакистон инчунин гуфт, кишвараш хостори равобити дӯстонаву хуб бо Тоҷикистон аст ва ин мавзӯъ, ба гуфтаи ӯ, ахиран дар як филми мустанаде инъикос шуд, ки дар телевизиони маҳаллӣ ба намоиш даромад.

Вай, аз ҷумла, гуфт: "Дар ин филм масъалаи доғе ба мисли обанбори Фарҳод чунон матраҳ шудааст, ки кас мехоҳад худи фардо рафта созиш кунад. Ҳалли ин баҳс бо бародарони тоҷикамон хеле боназокат пешниҳод шудааст".

Обанбори Фарҳод дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷойгир аст ва ҷониби Узбакистон хостори дастрасии озод ба ин обанбор мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...