«Маde in India»: намоиши маҳсулоти Ҳиндустон дар Душанбе

Date:

Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе давоми рӯзҳои 14-23 июл намоиши молу маҳсулоти Ҳиндустон доир мегардад.

Намоиш аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати ҳиндустонии «PSP Traders&Services Pvt.Ltd» бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад. Намоиш расман санаи 14 июл соати 10:00 ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи фаъолияти ташкили намоиш ва ярмаркаи Палатаи савдо ва саноати ҶТ Дилшод Мирсаидов хабар дод, дар намоиш-ярмарка маҳсулоти бахшҳои гуногуни 25 ширкати ҳиндустонӣ, аз ҷумла сарулибос, зебу ороишоти занона аз сангу металлҳои қиматбаҳо, пойафзоли мардона, сандуқҳои чӯбин, атриёт, техника ва ғайра ба маърази тамошову фурӯш гузошта мешавад.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби самоягузорӣ, технологияҳои нав ва таҳкими робитаҳо миёни тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон аст.

Баргузор намудани намоиши навбатии маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистонро ба он нисбат медиҳанд, ки дар кишвари мо талабот ба маҳсулоти ин кишвар зиёд мебошад.

Баргузории намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ҳиндустон ҳамчунин дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд низ ба нақша гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...