Посухи расмии сафорати Эрон ба айбномаҳои Тоҷикистон

Akhbor.com

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон шоми 9 август бо нашри як баёнияи вижа иддаоҳои матраҳшуда дар барномаи махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро"беасос” номида, рад кард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, сафорати Эрон бо изҳори таассуф гуфтааст, "иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касонест, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва табиатан наметавонад эътиборе дошта бошад.”

Дар сомона матни пурраи баёнияи сафорати Эрон низ оварда шудааст:

"Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе иддаоҳои беасоси матраҳшуда дар филми муаррахи 8 августи 2017-и телевизиюни Ҷумҳурии Тоҷикистонро такзиб менамояд ва аз он мутаассиф аст.

Тардиде нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба тахриби пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд.

Иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касонест, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва табиатан наметавонад эътиборе дошта бошад.

Ҳофизаи таърихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромӯш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз бониён ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир чӣ нақши созандае дар ҷиҳати поён додан ба ҷангҳои дохилии ин кишвар дар даҳаи 90 ифо намуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгоми сохти таъсисоти зербиноӣ назири тунели истротежики "Истиқлол” (Анзоб) ва садд ва нерӯгоҳи барқи "Сангтӯда-2” ва бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон буда ва ироаи хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ тавассути Ҳилоли Аҳмар ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпараст ё бадсарпарасти тоҷик тавассути Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (р), эҷоди марокизи варзишӣ, тармими биноҳои таърихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марокизи донишгоҳӣ, кӯмак ба марокизи илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдом аз ин навъ аз дигар иқдомоти Эрон буда, ки мафҳуме ҷуз кӯмак ба таҳкими субот ва тавсиъа ва кӯмак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷикистон ва истеҳкоми пояҳои давлати он надорад.

Муборизаи Эрон бо теруризм барои ҳамагон ошкор аст ва Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни теруризм аст. Амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои майдони мубориза бо теруризм чун офтоб барои ҳамаи ҷаҳониён ошкор аст.

Пахши ин қабил филмҳои муғризона, баъд аз сафари ахири вазири энержӣ ва захоири обӣ ва раиси тоҷикии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон, ҷиҳати ширкат дар маросими таҳлифи риёсати мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба намояндагӣ аз раисиҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки бархе гароишот ва маҳофил таҳаммули оддӣ шудани равобит ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хост ва манофеи ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносиботи бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро барнаметобанд.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...