Ӯзбекистон қариб нисфи транзити бор барои Тоҷикистонро арзон кард

Дар ҷаласаи маҳфили байнулмилалии матбуот муовини раиси Раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» Даврон Деҳқонов изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон 40% тахфифи транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистонро пешниҳод кардаааст. Бино ба маълумоти портали Подробно.uz, ӯ қайд кардааст, ки ахиран «тамоил назаррас»-и афзоиши содирот ба кишварҳоя ҳамсоя ба мушоҳида мерасад. «Мо бо ҳамтоҳои тоҷики худ муносибати […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи маҳфили байнулмилалии матбуот муовини раиси Раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» Даврон Деҳқонов изҳор доштааст, ки Ӯзбекистон 40% тахфифи транзити бор тариқи роҳи оҳан барои Тоҷикистонро пешниҳод кардаааст.

Бино ба маълумоти портали Подробно.uz, ӯ қайд кардааст, ки ахиран «тамоил назаррас»-и афзоиши содирот ба кишварҳоя ҳамсоя ба мушоҳида мерасад.

«Мо бо ҳамтоҳои тоҷики худ муносибати хубу боэътимод дошта, ҳамеша гуфтушунидҳои дуҷониба мегузаронем, ки барои танзими ҳамаи масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли бору маҳсулот ба мо имкон медиҳад», – иброз доштааст Деҳқонов.

Номбурда зикр кардааст, ки пас аз баргузории мониторинги ҷвараёни ҳамлу нақли бор, ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» барои ҳамтоҳои тоҷики худ ба таври назаррас тарифҳоро поин бурд, ки он беш аз 40%-ро ташкил дода, «ин иқдом баҳри ҷалби афзоиши боркашонӣ дар роҳи оҳан бо иштироки ширкат рӯйи кор гирифта шудааст».

Тибқи навиштаи Газета.uz, дар посух ба савол дар бораи ифтитоҳи қитъаи роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни убури қаламрави Туркманистон ва ҳамчунин барқарор шудани ҳаракати қатораҳо тавассути гузаргоҳи «Амузанг – Ғалаба», ки соли 2011 боздошта шуда буд, Деҳқонов посух додааст, ки кишвараш ба сохтмони қитъаҳои нави роҳи оҳан миёни кишварҳо ҳеҷ заруратеро намебинад.

«Мо ҳама талаботи ҳамлу нақли бор ба Тоҷикистонро тариқи қитъаи роҳи оҳани гузаргоҳи марзии Қудуқли дар вилояти Сурхондарё анҷом медиҳем, – гуфтааст ӯ. – Ҳеҷ гуна боздошту таъхир нест, бор саривақт дастрас мешавад ва аз ин рӯ, чунин талаботи махсус (сохтмони қитъаҳои нав) вуҷуд надорад».

Даврон Деҳқонов ҳамчунин хотиррасон намудааст, ки дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд гузаргоҳҳои байнидавлатии роҳи оҳан дар вилоятҳои Фарғона, Тошканд ва Сурхондарё амал мекунанд.

«Сохтмони кадом як қитъаи нав ба дубора тақсим шудани ҳаҷмҳо боис гардида, барои кишвари мо ҳеҷ гуна натиҷаи иловагии пурсамари иқтисодӣ намеорад», – гуфтааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио