ВКД номи ронандаи гунаҳкор ба пахши пиёдагардонро эълон кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби ронандаи гунаҳкор ба пахши пиёдагрдонро, ки ин ҳодиса рӯзи 30 июл дар Душанбе рух дода буд, эълон кард. Баъди гузашти 10 рӯз аз ин ҳодиса хадамоти матбуоти ВКД хабар дод, ки автомашинаи тамғаи хориҷии гаронбаҳоро муфаттиши шуъбаи тафтишотии КДАМ Тоҷикистон Одилҷон Шарифов идора мекардааст. Бино ба иттилои манбаъ, Шарифов […]

Наим Халимов

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби ронандаи гунаҳкор ба пахши пиёдагрдонро, ки ин ҳодиса рӯзи 30 июл дар Душанбе рух дода буд, эълон кард.

Баъди гузашти 10 рӯз аз ин ҳодиса хадамоти матбуоти ВКД хабар дод, ки автомашинаи тамғаи хориҷии гаронбаҳоро муфаттиши шуъбаи тафтишотии КДАМ Тоҷикистон Одилҷон Шарифов идора мекардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Шарифов аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагардон Ҷобиров Қурбоналӣ соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Варзоб, деҳаи Дашти Мирон ва Мизонов Муҳаммадҷон соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайёмро, ки дар канори роҳ меистоданд, пахш намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагардон Мизонов М. ва Ҷобиров К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, аз ҷароҳатҳои бардошта Ҷобиров Қ. дар беморхона вафот кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳодисаи мазкур маводҳо барои қабул намудани қарори ниҳоӣ аз рӯи тобеият ба Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон равон карда шудааст.

Аз Вазорати мудофиаи  Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳалокшуда дар ин садамаи нақлиёт ба ҳайси сармутахассис дар ин Вазорат фаъолият намуда, унвони ҳарбӣ надоштааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози сол дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 194 нафар ҳалок ва 623 тан ҷароҳат бардоштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.