Ҷоми КФО: «Истиқлол» бо «Серес»-и Филиппин бозӣ мекунад

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 бо дастаи «Серес»-и Филиппин бозӣ мекунад. Рӯзи 9 август дар минтақаи АСЕАН бозии ҷавобии финалӣ баргузор шуда, «Серес» аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (2:0 ва 2:1) бар тими «Хоум Юнайтед»-и Сингапур ғолиб омад. Бино ба иттилои сомонаи расмии тими «Истиқлол», […]

Asia-Plus

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври нимфиналии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 бо дастаи «Серес»-и Филиппин бозӣ мекунад.

Рӯзи 9 август дар минтақаи АСЕАН бозии ҷавобии финалӣ баргузор шуда, «Серес» аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (2:0 ва 2:1) бар тими «Хоум Юнайтед»-и Сингапур ғолиб омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии тими «Истиқлол», дар бозии аввали нимфиналии байниминтақавии Ҷоми КФО «Истиқлол» тими Филиппинро  нахуст 22 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор қабул карда (оғози бозӣ соати 19:00), вохӯрии ҷавобӣ санаи 12 сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин баргузор мешавад.

Дар сурати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигари Ҷоми КФО дар бозии финалии байниминтақавӣ қаҳрамони Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозиҳои финалии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар бозиҳои финалии минақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.