Гунаҳкори болиғи дар куштори наврасон дастдошта ба 19 соли зиндон маҳкум шуд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Душанбе баррасии парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели муноқиша ва қатли ду наврас, ки моҳи январи соли равон содир шуда буд, ба итмом расид. Аз рӯи ин парванда 15 нафар наврасону ҷавонон ба маҳкама кашида шуда, танҳо ду нафарашон ба синни балоғат расида буданд. Тавре раиси мурофиаи мазкур судя Диловар Сафарзода хабар дод, Фирӯз Додарбеков […]

Дар Душанбе баррасии парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели муноқиша ва қатли ду наврас, ки моҳи январи соли равон содир шуда буд, ба итмом расид. Аз рӯи ин парванда 15 нафар наврасону ҷавонон ба маҳкама кашида шуда, танҳо ду нафарашон ба синни балоғат расида буданд.

Тавре раиси мурофиаи мазкур судя Диловар Сафарзода хабар дод, Фирӯз Додарбеков мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 110 (қасдан зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан ба саломатӣ) ва 237 (авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба 19 соли зиндон ва аз рӯи моддаи «авбошӣ» Фаридун Наҷмиддинов ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудаанд, ки синни ҳарду аз 18-сола боло аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2017 назди кафе-интернет дар маҳаллаи 104-уми пойтахт миёни наврасон муноқишаву занозанӣ рух дода, дар натиҷа Иброҳим Хоҷаеви 19-сола ва Сомон Шарифови 18-сола ба ҳалокат расиданд. Баъди ин ҳодиса беш аз 20 нафар, аз ҷумла толибилмони мктабҳои миёна низ боздошт шуданд.

«Ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов гунаҳкор дониста шуданд, ба 10 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Суд номи маҳкумшудаҳоро ба хотири ноболиғ буданашон ошкор намекунад. Ҳамчун ноболиғ ба онҳо барои куштор ҷазои вазнинтарин ба ин синну сол дода шуд», – гуфтанд дар суди шаҳр.

Боз се нафар наврасони иштирокчии муноқиша ба 5 соли зиндон дар муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон маҳкум шуда, қаблан боз ду навраси дигар низ ба ҳамин муҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Боқимонда 6 нафар иштирокчии муноқишаву занозанӣ ҳар кадоме ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар Тоҷикистон аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад. Ҷашнвора имсол бо унвони “Фурӯғи маърифат” доир шуда, давоми...

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...