Тошканду Душанбе ҳамроҳ бо ҷинояткорӣ мубориза мебаранд

Asia-Plus

Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд Ӯзбекистон сафар карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур Абдураҳмон Аламшозода бо вазири […]

Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ҷиҳати иштирок дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд Ӯзбекистон сафар карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар доираи баргузории ҷаласаи мазкур Абдураҳмон Аламшозода бо вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов дидору гуфтушунид анҷом дод.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду инкишоф додани ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амният ва дигар қонуншиканиҳо ибрози андеша намуданд.

Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба, мубодилаи иттилоот ва пурзӯр намудани ҳамкориҳои дуҷониба як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.

Қобили зикр аст, ки баъди даргузашти президенти аввалини Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бисёр соҳаҳо ба таври назаррас рӯ ба беҳбудӣ оварданд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, тайи 20 соли ахир мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ ягон амалиёти муштарак нагузаронидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...