Ҷоми КФО-2017: «Истиқлол» – «Серес Негрос» – 4:0

Радиои Озодӣ

Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО) – 2017, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ду гол дар нимаи аввал ва ду голи дигар дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Голи дувумро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 67-ум, Манучеҳр Ҷалилов голи севумро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зад. Голи чаҳорум ва ниҳоӣ низ ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Ӯ тӯбро дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Серес Негрос» 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад.

Дар сурати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигари Ҷоми КФО дар бозии финалии байниминтақавӣ қаҳрамони Тоҷикистон бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозиҳои финалии байниминтақавӣ 27 сентябр ва 18 октябр доир мегарданд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...