Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур таҳдиди ҷаримаи волидон барои идгардакро рад кард

Asia-Plus

Сокинони чанде аз маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба идораи хабаргузории “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки раисони маҳаллаҳо онҳоро бо ҷарима барои идгардаки кӯдаконашон таҳдид кардаанд.

Сокинони маҳаллаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансур ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дирӯз раиси маҳалла ба хонаи ҳар кадоме аз онҳо омада, гуфтааст, ки волидони кӯдаконе, ки ба идгардак мераванд, 300 сомонӣ ҷарима мешаванд.

“Ба мо гуфтанд, ки идгардак манъ шуда, ҳамаи кӯдаконро рӯзи 1 сентябр ба мактаб фиристодан зарур аст, – иброз доштанд онҳо. – Гуфтанд, ки волидони кӯдакони дар идгардак мушоҳидашуда ҳар кадоме 300 сомонӣ ҷарима мешавад. Ҳамчунин гуфтанд, ки дастурхони калону сернозу неъмат оростан низ лозим нест ва ҷарима барои риоя накардани ин талабот 1600 сомониро ташкил медиҳад”.

Онҳо зикр карданд, ки раиси маҳалла ба онҳо гуфтааст, ин дастури ҳукумати ноҳия аст.

Раиси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Низом Ҳакимзода ин гуфтаҳоро рад намуда, қайд кард, ки ба шӯрои маҳаллаҳо чунин дастур нашудааст ва ӯ дирӯз ба корҳои омодагии ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД банд буд.

“Касе барои идгардак ҷарима намешавад, вале хонандагони мактабҳо ҳатман бояд ба дарс раванд, зеро Вазорати маориф доир ба рӯзи 1 сентябр ҷашн гирифтани Рӯзи дониш қарор қабул кард”, – гуфт раиси ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур.

Дар робита ба оростани дастурхони идона Нозим Ҳакимзода қайд кард, ки ин талаботи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо буда, дар он зикр мешавад, ки дастурхони идона дар идҳои Қурбон ва Рамазон бояд хоксорона ва бидуни исрофкорӣ ороста шавад.

Дар мақомоти шаҳрдории пойтахт низ изҳор доштанд, ки дар робита ба ҷашн барои кӯдакон ҳеҷ гуна маҳдудияте ҷорӣ нашуда, ин маълумоти бардурӯғ аст ва дар ин хусус ҳеҷ дастур ё супорише содир нашудааст.

Қобили зикр аст, ки пеш аз Иди Рамазон Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват карда буд, ки аз ба идгардак фиристодани кӯдакон худдорӣ варзида шавад. “Бояд таъкид намуд, ки чунин амал (идгардак) дар фармудаҳои шариат мавҷуд набуда, ягон асоси илмӣ ҳам надорад. Гузашта аз ин, чунин анъана барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон хос набуда, дар қисмати шимол ва шарқи кишвар мавҷуд намебошад. Ҳамчунин ба ин шакл таҷлил намудани иди сайиди Фитр дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ умуман ба мушоҳида намерасад”, – қайд шуда буд дар муроҷиати Шӯрои уламои Маркази исломии ҶТ ба мардуми шарифи кишвар роҷеъ ба риояи одобу анъанаҳои рӯзи ид.

Қайд шуда буд, ки идгардаки беназорати кӯдакон низ боиси ташвиши ҳамагон буда, дар минтақаҳои ношинос, роҳҳои мошингузар ва хонаҳои баландошёна гаштугузор кардан, барои амният ва саломатии онҳо хатар эҷод мекунад.

Шӯрои уламо ҳамчунин ба исрофкории беҳад зиёди шаҳрвандон ҳангоми ҷашни ид низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд. “Солҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар оростани дастурхони пурдабдаба ва баргузор намудани маросими «идгардак» ба ҳукми анъана даромада истодааст. Ҳангоми оростани дастурхони идона мардум ба исрофкорӣ роҳ дода, ин амал ба як навъ мусобиқа табдил ёфтааст. Оростани дастурхони пурдабдабаи идона барои соҳибхона боиси хароҷоти зиёдатӣ шуда, гоҳо сабаби қарз ва мушкилии молии хонаводаҳо мегардад”, – қайд шуда буд дар муроҷиат.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хонандагони мактабҳо ва донишҷӯёнро уҳдадор намуд, ки рӯзи 1 сентябр ба дарс ҳозир шаванд ва изҳор дошт, ки ин ҳеҷ гуна қонуншикание нест. Мутаносибан омӯзгорон низ дар ин рӯз ба кор мебароянд, ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ Иди Қурбон рӯзи истироҳат аст.

Дар сохторҳои Вазорати тандурустӣ низ рӯзи 1 сентябр корӣ эълон шудааст. Табибон изҳор мекунанд, ки ба онҳо бар асоси дастури ҳукумат ба кор баромаданро талаб кардааанд, ҳарчанд чунин санадро касе надидааст. Ҳамчунин дигар сохторҳои ҳукумат, аз ҷумла Вазорату идораҳо низ кор хоҳанд кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...