Рейтинги кредитии Тоҷикистон дар сатҳи рушди устувор арзёбӣ шуд

Asia-Plus

Ширкати рейтингии байналмилалии «Standard and Poors” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B-3, рушди устувор (B-3, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳисоботи мазкур дар сомонаи ширкати "Standard and Poors” нашр гардид. Ширкати мазкур рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.

Рейтинги кредитии мамлакат нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) ба ҳисоб рафта, василаи муқаррарии молиявӣ барои муайян кардани дараҷаи эътибори вомбаргҳои ин ё он ширкат, корпоратсия ё ҳатто ин ё он давлат мебошад, ки вобаста ба сатҳи эътимод аз ҷониби агентиҳои бонуфуз бо ҳуруфи “А”, “В” ва “С” ишора мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру тавсияҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бо агентиҳои рейтингии байналмилалӣ муайян намояд.

Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...