Президенти Тоҷикистон роҳандозии ислоҳоти фарогири СММ-ро пешниҳод кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронӣ қайд кард, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ дар зарфи даҳсолаҳои гузашта, ҳарчанд ки аз як тараф, ба тавсеаи робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни кишварҳо ва ҳамгироӣ байни минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуд, вале, аз ҷониби дигар, барои сокинони сайёра мушкилоти зиёдеро ба бор овард.

«Ин аст, ки дар ҷодаи саъю кӯшишҳои муташаккилонаи кишварҳои аъзои Созмон ҷиҳати таъмини ҳаёти боамну осоиштаи мардум монеаҳои ҷиддӣ эҷод гардиданд», – гуфт ӯ.

Дар идома ӯ изҳор намуд, ки дар ин росто СММ – ба сифати як ниҳоди бонуфуз ва фарогири ҷаҳонӣ – бояд минбаъд низ вазифаи худро дар мавриди ҳамоҳангсозии талошҳои пайвастаи давлатҳои аъзо ҷиҳати муқовимати фаъол ба хатару таҳдидҳои муосир ва ба таври самарабахш иҷро намояд.

«Дар шароити кунунӣ ба миён гузоштан ва ҳал намудани масъалаҳои умдаи рӯз бидуни роҳандозии ислоҳоти фарогири СММ ғайриимкон мебошад. Ин раванд бояд ба тавсеаи зарфиятҳои Созмон ҷиҳати вокуниши саривақтиву муносиб ба рӯйдодҳо дар саросари ҷаҳон ва рафъи  таҳдидҳои замони муосир мусоидат намояд. Ислоҳот бояд мувофиқи усулҳо ва мақсадҳои Ойинномаи Созмон ҷоннок карда шавад ва Шӯрои Амниятро ба ҳайси қисми таркибии он фаро гирад. Тоҷикистон ҷонибдори намояндагии одилона дар Шӯрои Амният, хоссатан аз ҳисоби кишварҳои рӯ ба тараққӣ, мебошад», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амнияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод карда, фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.

«Амалҳои ваҳшиёнаи ин нерӯҳо бо дини мубини ислом ҳеҷ гуна робитае надоранд. Онҳо, баръакс, мухолифи таълимоти ахлоқӣ ва арзишҳои таҳаммулгарову инсондӯстонаи ислом мебошанд, – таъкид намуд ӯ. – Мубориза алайҳи таҳдидҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзои Созмон андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намуданро аз истифодаи меъёрҳои дугона тақозо менамояд».

Дар идома Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон  ҳалли қазияи Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Кореяро дар идомаи музокироти созанда, танҳо   бо роҳҳои сулҳомез ва дар доираи иҷрои содиқонаи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти ММ мебинад.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҷалб намуда, қайд кард, ки имрӯз комилан возеҳ аст, ки сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон омили калидии таъмини суботу амният дар ҳавзаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар минтақаҳои ҳамсоя аст ва бино бар ин, Тоҷикистон ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон хеле муҳим арзёбӣ мекунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки таҷрибаи андӯхтаи Тоҷикистон дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд.

Ӯ пешниҳод намуд, ки омилҳои маҳдудкунандаи ҳамкориҳои минбаъда дар ин ротсо ба инобват гирифта шаванд. Ба ақидаи ӯ, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад.

Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ният дорад, ки ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии фаъолият дар татбиқи он Маркази махсусро таъсис диҳад.

«Ғайр аз ин, мо Нақшаи миллии амалро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ таҳия кардем ва мутобиқи он пешниҳод менамоем, ки дар ин мавзӯъ дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад», – гуфт ӯ.      

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...