Дар Тоҷикистон бокси касбиро манъ карданианд

Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи фармоишеро таҳия намуд, ки дар сурати тасдиқи он, якчанд навъи муҳорибаҳои ҷангӣ манъ карда мешаванд. Кумита қатъи баргузории мусобиқаҳо оид ба бокси касбӣ, зӯрозмоиҳои омехта, зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷанги дастӣ, панкратион, кикбоксинг (К-1), греплинг, нюфулконтакт ва муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастиро пешниҳод кардааст. Дар сомонаи расмии Кумита […]

Asia-Plus

Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи фармоишеро таҳия намуд, ки дар сурати тасдиқи он, якчанд навъи муҳорибаҳои ҷангӣ манъ карда мешаванд.

Кумита қатъи баргузории мусобиқаҳо оид ба бокси касбӣ, зӯрозмоиҳои омехта, зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷанги дастӣ, панкратион, кикбоксинг (К-1), греплинг, нюфулконтакт ва муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастиро пешниҳод кардааст.

Дар сомонаи расмии Кумита иттилоъ дода мешавад, ки санади мазкур бо назардошти пешгирии зӯроварӣ ва роҳ надодан ба паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс дар соҳаи варзиш омода гардидааст.

Гуфта мешавад, минбаъд пас аз қувваи қонунӣ пайдо намудани ин санад таъсиси гурӯҳҳо аз рӯи ин намуди варзишҳо дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ қатъ мегарданд.

Зимнан Кумита аз масъулини соҳа ва варзишгарон дархост кардааст, ки вобаста ба лоиҳаи фармоиши мазкур то 30 сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро расман ба унвонии Кумита пешниҳод намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.