Сокини Панҷакент аз рашк ҳамсарашро дар бистари хоб кушт

Кормандони милитсия як марди сокини шаҳри Панҷакентро ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 45-сола шабона ҳангоми хоб будани ҳамсараш, зани 43-сола, аз ҳиссиёти рашк бо истифода аз арғамчин гулуи ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел бо моддаи 104 […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия як марди сокини шаҳри Панҷакентро ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсараш дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, марди 45-сола шабона ҳангоми хоб будани ҳамсараш, зани 43-сола, аз ҳиссиёти рашк бо истифода аз арғамчин гулуи ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.