Бозиҳои V Осиё: Тоҷикистон алҳол медали тилло ба даст наовардааст

Дар рӯзи чоруми Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши сабук, муайтай, гуштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу ва таеквандо сабқат карда, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳар се медалро варзишгарони мо дар намуди гуштини камарбандӣ (тарзи озод) ба даст […]

Asia-Plus

Дар рӯзи чоруми Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод варзишгарони тоҷик дар намудҳои варзиши сабук, муайтай, гуштини камарбандӣ, ҷиу-ҷитсу ва таеквандо сабқат карда, соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳар се медалро варзишгарони мо дар намуди гуштини камарбандӣ (тарзи озод) ба даст оварданд: Хоҷаев Оятулло дар вазни -55 кг, Алибердизода Ибодулло дар вазни -60 кг ва Эркинбек Абдунабиев дар вазни -65 кг.

Варзишгари маъруфи кишвар Кристина Пронженко, ки дар намуди варзиши сабук, давидан ба масофаи 400 метр ба финал баромада буд, сазовори ҷои шашум шуд.

Тоҷикистон дар чор рӯз сазовори 14 медал, 1 нуқра ва 13 биринҷӣ гардида, миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар мақоми 22 қарор дорад. Дар ин бозиҳо аз Тоҷикистон, 173 нафар, аз ҷумла 126 варзишгар аз рӯи 15 намуди варзиш иштирок доранд.

Туркманистон бо 89 медал (43 тилло, 28 нуқра ва 18 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 26 медал (7 тилло, 4 нуқра, 15 биринҷӣ) дорад, дар ҷои дуюм мебошад. Қазоқистон бо 22 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор дорад. Умуман варзишгарони 26 давлат то имрӯз соҳиби медал гардидаанд.

Дар 12 рӯзи баргузории Бозиҳои "Ашқобод-2017” 4500 варзишгар дар ҳайати 65 даста (63 давлати Осиё ва Уқёнус, дастаи Шӯрои олимпии Осиё ва дастаи гурезаҳо) барои 347 медал аз рӯи 21 намуди варзиш талош мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.