Ҳукми 13 соли зиндон ба домоди собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Суди олии Тоҷикистон собиқ муфаттиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фирдавс Абдуғаффорзодаро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Фирдавс Абдуғаффорзода (то ивази ному насаб – Фирдавс Ниёзбадалов), домоди собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов дар парвандаи як гурӯҳ кормандони Агентии зиддифасод гунаҳкор дониста мешуд. Ҳукм дирӯз содир шуд. Собиқ муовини […]

Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон собиқ муфаттиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фирдавс Абдуғаффорзодаро ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Фирдавс Абдуғаффорзода (то ивази ному насаб – Фирдавс Ниёзбадалов), домоди собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов дар парвандаи як гурӯҳ кормандони Агентии зиддифасод гунаҳкор дониста мешуд.

Ҳукм дирӯз содир шуд. Собиқ муовини сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва собиқ корманди Агентӣ Афзалзода ҳар кадоме ба 6 соли зиндон маҳкум шуданд.

Қаблан собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода ба 15 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.

Ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба 9 сол ва корманди Агентӣ Қосимҷон Саидов ба 7 соли зиндон муҷозот шуданд.

Қаблан Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон ва худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Суғдро, ки қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекард, низ барои ришваситонӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи июли соли равон раиси Суди олии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуда буд, ки аз рӯи ин парванда айни замон 13 нафар назди суд ҷавоб мегӯянд, ки 10 нафарашон собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва 3 нафар аз сохторҳои дигаранд ва вобаста ба ин парванда айбдор карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.