Духтарчаи 9-солаи дар бозори Истаравшан гумшударо 27 рӯз ҷустуҷӯ доранд. ВКД кумак мехоҳад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон духтарчаи 9-сола Ганҷина Қаюмоваро, ки рӯзи 25 август дар бозори марказии шаҳри Истаравшан бедарак шуда буд, ҷустуҷӯ доранд. Аз рӯзи бедаракшавии духтарча 27 рӯз сипарӣ шуд, вале то ҳол ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае надодааст.

Дар ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ки бо умеди кумак аз аҳолӣ дар кӯчаҳои пойтахт низ эълонҳо бо акси Ганҷина часпонида шудааст. «Дар бораи макони будубоши духтарча ба мо алҳол маълумот нарасидааст. Чорабиниҳои фаврии ҷустуҷӯӣ идома доранд», – гуфтанд дар ВКД.

Дар ҳамин ҳол, падари духтарчаи гумшуда Уктам Қаюмов ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки духтари ӯ, хонандаи синфи 2-юми мактаби №4-и шаҳри Истаравшан ҳангоми харид дар бозор ҳамроҳи ӯ бедарак шудааст.

«Ду нафар аз бозор гуфтанд, ки ҳангоми аз бозор баромадан ӯро дидаанд, – иброз дошт номбурда. – Аз сабти навори камераҳои видео низ дида мешавад, ки ӯ аз бозор баромадааст, лекин баъд ба куҷо рафтанаш то ҳол маълум нест».

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост дорад, ки дар сурати дарёфти ҳама гуна маълумот дар бораи ин духтарча бо телефонҳои зерин ин маълумотро расонанд: 918-80-45-12 ва 927-53-33-55.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...