Ихроҷи 5 донишҷӯи бо мошин ба дарс ҳозиршуда

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯёнеро ошкор кард, ки бо автомашинаи шахсиашон ба дарс ҳозир шуда буданд. Тибқи қонун, ба онҳо хориҷшавӣ аз мактабҳои олӣ таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин рейд давоми рӯзҳои 16-19 сентяьбр гузаронида шудааст.

Дар рӯйхати қонуншиканон Ёсир Мирзоев, донишҷӯи  бахши 3-юми Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон (автомашинаи Тойота-Кемри), Қурбоналӣ Кенҷаев, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДЭУ-Нексия), Иқболшо Бобохонов, Донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (Мерседес-Бенс), ҳамкурси ӯ Кишвар Қандов (Опел-Астра) ва Асланҷони Ганҷалзода, донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе (Опел-Астра) ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ба хонандагони мактаб ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ба дарс бо автомашинаи шахсӣ омадан қатъиян манъ аст. Чунин тағйирот ба қонунгузориро парлумон тобистони ҳамин сол қабул кард.

Он замон зимни шарҳи тағйиру иловаҳо ба ин қонун дар парлумон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилон изҳор намуд, ки барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз макотиби олӣ ба муҳлати се сол ва толибилмони коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳо ба муддати як сол аз муассисаҳо хориҷ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.